Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд

Октябрь 9, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Маъракаи даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз солҳои қаблӣ фарқ дорад, зеро 1 октябри соли равон- дар рӯзи якуми даъвати тирамоҳӣ ва дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 5 ноҳияи минтақаи Рашт, 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд  аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳӣ мужда доданд.

Мояи фараҳ ва хушнудӣ аст, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони баору номуси ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолияту иқтидори мудофиавии он ва хизмати содиқона ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пайваст мешаванд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштаанд, ки «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани давлатамон минбаъд низ тамоми саъю талошро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем».

Таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат аст, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардидани нақшаи даъват дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат   самараи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Аз ҷараёни даъвати имсолаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маълум мегардад, ки  шумораи наваскарони ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваста нисбат ба солҳои гузашта зиёд гардидааст. Ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан сафи Қувваҳои мусаллаҳи  мамлакатро  пурра менамоянд, то мардуми тоҷик дар амон бошанд.

Артиши миллӣ қодир аст, ки амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзи мамлакатро пурра таъмин намояд. Қудрату тавоноии комили Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо борҳо собит гардидааст.

Хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ  дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ нишон дода, сарзамин ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, сулҳу субот ва сохти конститутсионии давлатро пойдору устувор нигоҳ доштаанд.

Ҳамасола дар асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар   ду мавсим даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳоло даъвати тирамоҳӣ идома дошта,  ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ  мераванд.

Хизмат  дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар   ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб  мешавад. Дар баробари ин, бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки наваскарон хизмати Ватанро содиқонаву сарбаландона ба ҷо оварда,  хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён  ҳифз менамоянд

Ҳифзи марзи Ватан  яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони бонангу номус ва сарбаланд хизмат ба халқу Ватанро шарафи мардонагӣ медонанд ва аз он ифтихор доранд.

Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ  барои такмили сохторҳои Артиши миллӣ ҳамасола  тадбирҳои муҳим меандешад.

Ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии наврасону ҷавонон ба қадри кофӣ боло рафтааст. Имрӯз ҷавонони мо хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро майдони мардонагӣ меҳисобанд.

Ҷавонони бонангу номус хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ мебошад. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби ҳаётро паси сар мекунад. Хизмати ҳарбӣ нишони равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,

Шаҳриёр БАДАЛОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд