Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон боронҳои пай дар пай пешгӯйӣ мешаванд

Октябрь 22, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон ҳарорат то 1 дараҷа паст фаромада, боронҳои пай дар пай дар назар аст. Аз 28 то 30 октябр ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар шаҳри Душанбе агар то имрӯз ҳаво рӯзона 26-28 дараҷа гармиро ташкид медод, аз 23 то 27 октябр шабона аз 9 то 11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 18 то 20 дараҷа гарм мешавад.

Аз охири рӯзи 22 октябр ҳаво тағйр меёбад ва боридани борон шуруъ шуда, то 27 октябр идома мекунад.

Инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбанда дар назар буда, боридани борон пешгӯйӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳаво аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағирёбанда дар назар буда, боридани  борон пешгӯйӣ мешавад. Дар вилоят ҳаво дар ин рӯзҳои боронӣ аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Аз 23 то 27 октябр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат дар назар аст. Ҳаво рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои пай дар пай дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 11+14 дараҷа гарм мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 22, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст