БА ШАРАФИ РӮЗИ ОМӮЗГОР. Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муаллимони фаъолу навовар қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши ботантана баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар бораи нақши таърихии забон дар ташаккули миллат ва ҷойгоҳи он дар замони муосир сухан намуда, ҳамзамон доир ба таърихи забони тоҷикӣ, эҷодиёти оламшумули мутафаккирони барҷастаи тоҷик, мавқеи забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқеи расмӣ гирифтан ва инкишофи забони тоҷикӣ ибрози андеша намуданд.
Муовини раиси ноҳия Зарина Зуҳурзода оид ба ҳамасола баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки ҳадафи асосии таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода гардад.
Ҳамзамон бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои муаллимон як зумра омӯзгорони навовару эҷодкор ва дорои натиҷаҳои назаррас бо мукофотпулиҳо, «Сипоснома»-и раиси ноҳия, нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и шуъбаи маорифи ноҳия ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад






