Баъд аз се соли таваққуф ҳавопаймои АН-28-и «Тоҷик Эйр» ба Хоруғ парвоз намуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз се соли таваққуф ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» 3 октябр парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе бо ҳавопаймои АН-28 оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр».
Парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд.
Сокинони Бадахшон, хусусан шаҳри Хоруғ аз иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ ва арзи миннатдорӣ намуданд.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 ба роҳ монда шудаанд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар як самт 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳавопймои АН-28 ғунҷоиши 17 мусофирро дошта, аз ду муҳаррик иборат аст.
Ҳавопаймои АН-28 дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе бояд 30 сентябр ба Хоруғ парвоз менамуд, вале вобаста ба номусоидии боду ҳаво парвоз 3 октябр ба роҳ монда шуд. Парвоз аз Душанбе ба Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Чун Бадахшон минтақаи баландкӯҳ мебошад, парвоз дар ин масир ба вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст.
Назар ба иттилои сарҳавонаварди АН 28 Шукрихудо Додихудоев, парвоз дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе душвортарин роҳи ҳавоӣ дар дунё арзёбӣ мегардад, зеро дар ин масир, ки кӯҳҳои баланд дорад, парвоз дар баландии 3900- 4200 метр амалӣ мешавад.
Авввалин ҳавопаймо ба Хоруғ соли 1929 парвоз намуда буд.
Барқарор намудани роҳи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ икдоми саривақтӣ буда, воситаи муҳим барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зиндагии аҳолии ин минтақаи баладкӯҳи Тоҷикистон мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Тоҷик-Эйр»










Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






