Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Конститутсия — шаҳодатномаи давлати соҳибихтиёр» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки 6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум Конститутсия- ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем.
Дар ҷамъомад 3 хонандаи литсей, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ёфтанд, соҳиби «Ифтихорнома» шуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






