Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 377 нафар собиқадорону кормандони маорифи ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили бошукуҳи Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин мақомот хабар доданд.
Раиси ноҳияи Сино Тоҷиддин Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мақом ва эҳтиром ба забони давлатӣ, инчунин баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати мамлакат ибрози назар намуд.
Дар ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 5 нафар бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илм», 4 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 6 нафар бо Сипосномаи Раиси ноҳияи Сино ва 350 нафар собиқадорону кормадони маорифи ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маориф, яъне омӯзгорон ҳамеша тадбирҳои судманд меандешад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






