Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 5, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Забон-муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои миллат аст»- таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш иштирокчиён дар бораи таърихи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва нақши созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ изҳори назар намуданд.

Забон бо тафаккур алоқаи бевосита дорад. Ҳар фикре, ки дар зеҳн пайдо мешавад, ба воситаи забон шакл мегирад. Забон ягона восита ва шакли асосии ифодаи фикр аст, таъкид гардид дар чорабинӣ.

Хамчунин дар доираи ҳамоиш вобаста ба «Нақши воситаҳои ахбор дар рушди забони миллӣ» маъруза пешниҳод гардид.

Иброз шуд, ки воситаҳои ахбори омма яке аз шохаҳои соҳаи забоншиносӣ ба шумор мераванд, аз ин рӯ кормандони онро ро зарур аст, ки дар рушду такомули забони миллӣ нақши босазо гузоранд.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳони аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст».

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 5, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид