Байни Тоҷикистон ва Туркия таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуд

Октябрь 16, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқот ҳамзамон истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо», инчунин баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии омехтаи борҳо, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 маъқул дониста шуд, баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи зиёд намудани шумораи рухсатномаҳои шакли Р-3 аз/ба давлати сеюм, ҷорӣ намудани имтиёзҳо бобати дарёфти раводид барои интиқолдиҳандагони ватанӣ ва дигар масъалаҳои муҳими боркашонии байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард