«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои солҳои 2021-2026» 64,9 фоиз таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор барои солҳои солҳои 2021-2026» 64,9 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин хусус дар маҷлис зимни баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, дар маҷлис таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 3 миллиарду 375,6 миллион сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 110 фоиз баробар гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон суръати рушди ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 312 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 105,7 фоиз, кишоварзӣ 104,7 фоиз, гардиши савдои чакана 107,9 фоиз, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 102,0 фоиз, ҳаҷми сармоягузорӣ ва сохтмон 148,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба буҷет беш аз 230 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки 102,3 фоизи умумии нақшаро ташкил дод.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои солҳои 2021-2026 дар маҷмуъ 64,9 фоиз таъмин гардидааст.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 1675 банд ба ҳолати 1 октябри соли равон 819 адади он иҷро гардидааст, ки 48,9 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатари нооромиҳо дар баъзе давлатҳои олам ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла давлати мо иброз дошт, ки «ҳарчанд натиҷаҳо назаррасанд, дар баробари муваффақият самти иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест».
Вобаста ба камбудиҳои гуфташуда тавсияву пешниҳодҳои мушаххас баён гардиданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо барои таъмини зиндагии мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд корҳои созандагию ободониро вусъат бахшида, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври сазовор истиқбол гирем.


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






