Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 142 нафар мураббиён ва омӯзгорони пойтахт мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 142 нафар мураббиён ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои шаҳрӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин иқдом ба мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа амалӣ гардид.
Инчунин ба 50 мутахассиси ҷавоне, ки соли аввал ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардидаанд, барои ҳавасмандӣ планшет тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






