Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 142 нафар мураббиён ва омӯзгорони пойтахт мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ дода шуд

Октябрь 5, 2024 12:27

ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи омӯзгорон 142 нафар мураббиён ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои шаҳрӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин иқдом ба мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа амалӣ гардид.

Инчунин ба 50 мутахассиси ҷавоне, ки соли аввал ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул гардидаанд, барои ҳавасмандӣ планшет тақдим гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 5, 2024 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад