Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода изҳор намуд, ки забони тоҷикӣ таърихи ниҳоят куҳан дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати баланд касб намудааст.
Тавре таъкид карда шуд, ки забондонӣ-ҷаҳондонӣ буда, дар баробари забони давлатӣ донистани забони миллатҳои гуногуни дунё миллатро муаррифии шоиста менамояд ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.
Иштирокчиёни ҳамоиш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳё ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар ҳар суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ- забони модарӣ пайваста бояд кушиш намояд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан-Модар ва таъриху фарҳанги худ мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб рафта, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






