Дар Ашқобод ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ доир шуд

Октябрь 16, 2024 14:09

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ашқобод ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории  тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласаи Комиссия таҳти Раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев доир шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду давлат, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноату сохтмон, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, саноати тиббӣ, авиатсияи гражданӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҷавонон ва варзиш, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии   муносибатҳои тарафайнро баррасӣ намуданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуда, изҳори итминон карда шуд, ки тарафҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро тавсеа мебахшанд.

Дар натиҷа Протоколи ҷаласаи сенздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ  ва илмию техникӣ ба имзо расонда шуд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 16, 2024 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд