Дар Қазоқистон машқҳои неруҳои сулҳовари СААД «Бародарии шикастнопазир-2024» анҷом ёфтанд

Октябрь 7, 2024 18:51

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 октябр дар машқгоҳи «Берег»-и Қазоқистон машқҳои неруҳои сулҳовари Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) «Бародарии шикастнопазир-2024» доир гардиданд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи якшанбе иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».

Ҳайати неруҳои сулҳовар вазифаҳои дар наздашон гузоштаро муваффақона иҷро намуданд. Зимни машқҳо масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани амалиёти неруҳои сулҳовар баррасӣ гардиданд. Диққати асосӣ зимни машқҳо ба ҳамоҳангии амалиёт байни хадамоти мудофиа ва дигар мақомот равона карда шуд.

Ба машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ мутахассисоне ҷалб карда шуданд, ки бевосита таҷриба ва омодагии миссияҳои неруҳои сулҳовари Созмони Милали Муттаҳидро доранд. Воҳидҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вазифаҳои неруҳои сулҳоварро дар гузаргоҳҳо ва марказҳои қабули гурезагон якҷоя анҷом дода, минтақаро посбонӣ карда, кумакҳои башардӯстона расониданд.

Дар машқҳо ҳайатҳои миллии неруҳои сулҳовари Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Русия, гурӯҳҳои фаврии ситодҳои муштарак ва котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок доштанд. Ба машқҳо зиёда аз ду ҳазор низомиён, 500 мошини зиреҳпӯш ва автомобилӣ, чархболҳои Ми-17, Ми-35, ҳавопаймоҳои Ил-76 ва С-295 ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб шуданд.

АКС: СААД

 

Октябрь 7, 2024 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид