Дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.
Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам гардидани шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин насли ояндасози Ватан мебошад.
Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ гурӯҳи корӣ хонандагону омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии Тоҷикистон даъват намуд.
Муассиса бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар он шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои хонандагону тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити фароҳамоварда дар сатҳи баланд буда, ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ








Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд






