Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 17, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зикрулло Маҷидов Маркази ташхисию табобатии «Ҳафиза» мавриди истифода қарор гирифт.

Ин иншооти навбунёди тандурустӣ аз 33 утоқи корӣ иборат буда, дар он 33 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Марказ аз шуъбаҳои қабулгоҳ, ултрасадо, дандонпизишк, озмоишгоҳ, гинекология, физиотерапия ва ғайра иборат буда, дорои 66 кати табобатӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз Маркази ташхисию табобатии «Саномед» ба истифода дода шуд. Марказ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 37 утоқи корӣ мавҷуд мебошад.

Масъулин иброз доштанд, ки дар таҳхонаи иншооти навбунёд озмоишгоҳ, дар ошёнаи якум шуъбаи ташхисӣ ва стоматологӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаи ҷарроҳӣ ва дар ошёнаи сеюм шуъбаи табобатӣ ҷойгир карда шудаанд.  Шуъбаи ташхисии марказ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз қабили дастгоҳи ултрасадо, томографияи магнитӣ (МРТ), рентгени рақамӣ ва инчунин дастгоҳҳои дигари табобатӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар ошёнаи якум инчунин ҳуҷраи дандонпизишкии муолиҷавӣ бо 2 курсии дандонпизишкӣ ҷойгир аст. Шуъбаи ҷарроҳии марказ дорои 1 амалиётхона бо тамоми таҷҳизоти муосир, 1 ҳуҷраи интенсивӣ ва 6 ҳуҷра барои 12 бемор мебошад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд