Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ ва таҷлили Рӯзи омӯзгорон барои мардуми фарҳангдӯсти мамлакат, аҳли илму маориф ва соҳибони забони нобу куҳанбунёд рамзи неки иттиҳоду ҳамбастагӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ дар пайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ дар раванди садсолаҳои фаротаърихӣ ҳамчун забони тамаддунофар дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқею азамати фарҳангии вижа бархӯрдор буд. Аз баракати сиёсати хирадбунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар зодгоҳи худ мақоми пешин ва деринаи худро соҳиб гардида, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон – аҳди Сомониён ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида, мавриди корбурд қарор гирифтааст.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра омӯзгорони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






