Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи устувори ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Дар конференсия намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимону коршиносон иброз доштанд, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшид.
Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода изҳор намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт».
Дар конференсия вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсия дар қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ба танзим даромадани вазъи ҳуқуқӣ дар мамлакат, омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тадбири муҳиму саривақтӣ будани он барои бунёди ҷомеаи мутамаддин ва давлатдории ҳуқуқбунёди миллӣ ибрози ақида карда шуд.
Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт
Дар анҷоми ҳамоиш ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва дар номинатсияи «Беҳтарин мақола дар бораи Конститутсия», ки бо мақсади тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи маърифат доир гардид, бо Ифтихорнома, Диплом ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






