Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани стипендияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон барои соли 2024 баргузор шуд

Октябрь 30, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 30.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани стипендияи Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон барои соли 2024 баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни он 30 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои гуногуни таълимии Тоҷикистон, ки забони чиниро хуб медонанд ва соҳиби истеъдод мебошанд, ғолиби озмун гардиданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои нек, шарикони хуб ва бародарони наздике мебошанд, ки кӯҳҳо ва дарёҳо онҳоро бо ҳам мепайванданд. «Таҳти роҳбарии сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин солҳои охир ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг пайваста тақвият ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд».

Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хосса дода, пайваста таъкид менамоянд, ки донистани забонҳои хориҷӣ омили муҳим дар рушди мамлакат ва пешрафти ҳар шахс буда, он метавонад ба табодули фарҳангӣ байни миллатҳо ва шиносонидани Тоҷикистон ба ҷаҳониён мусоидат намояд.

«Ҳар сол ҷавонони зиёди тоҷик тавассути барномаҳои гуногуни стипендиявӣ, ки аз ҷониби Сафорати Чин ташкил карда мешаванд, бо фарҳанги ғанӣ ва рангоранги Чин шинос мешаванд ва донишҳои бештар ба даст меоранд. Ин барои рушди шахсӣ ва касбии онҳо имконияти бештар фароҳам меорад»,- гуфт ректори донишгоҳ.

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин изҳор намуд, ки роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба соҳаи маориф аҳамияти хосса медиҳанд. Аз ҷумла, дар мулоқоти таърихии сарони ду давлат, ки моҳи июли соли 2024 дар Тоҷикистон доир шуд, масоили ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, рушди соҳаи маориф ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Ҳамзамон 5 июли соли равон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари расмии давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ордени дӯстӣ» супорид. Ин мукофот дӯстию бародарии ду давлатро боз ҳам таҳким бахшида, барои рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам овард», — гуфт Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба андешаи Ҷи Шумин, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегирад. «Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд»,- гуфт дар идома Сафир.

Инчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудаанд. Аксари ин хонандагон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 30, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд