Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба самтҳои нави рушди илм дар соҳаҳои техникӣ конференсия доир шуд

Октябрь 11, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Самтҳои нави рушди илм дар соҳаҳои техникӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар конференсия олимони тоҷик ва олимон аз муассисаҳои илмиву таълимии Ҳиндустон, Беларус ва Швейтсария маъруза намуданд.

Конференсия дар бахшҳои сохтмон ва меъморӣ, энергетика ва илмҳои техникӣ, технологияҳои иттилоотӣ, илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ идома ёфта, омӯзгорону донишҷӯён аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ маърузаи илмӣ намуданд.

Ҳадаф аз конференсияи байналмилалӣ мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои рушди илмҳои дақиқ ва техникаю технологияи муосир, рушди ҳамкории илмию байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил ва робитаи илм бо истеҳсолот мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 11, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид