Дар Душанбе ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Кембриҷ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо роҳбари бахши ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи идораи баҳодиҳӣ ва матбуоти Донишгоҳи Кембриҷ Стефен Ричард Кинг масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни донишгоҳҳо баррасӣ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо оид ба ҷалб намудани мутахассисони байналмилалии ҷониби Британияи Кабир ба донишгоҳ, гузаронидани тренингҳо барои мутахассисони тоҷик, баргузории машваратҳои омӯзишӣ, ташкили машғулияти методологияи таълими забони англисӣ ва фанҳои дақиқ суҳбат намуданд.
Мусоҳибон ба таҳияи барномаҳои таълимӣ дар самти энергияи «сабз», такмили барномаҳои омӯзишии таҳсилоти фосилавӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои самаранок бо мақсади кам намудани ҳаҷми партовҳо ва мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот инчунин бастани шартнома бо Донишгоҳи Кембриҷ барои равон намудани донишҷӯён тариқи квотаҳо матраҳ гардид.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд






