Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябри соли 2024 дар ҳошияи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фaзoи зиддикоррупсионии ҷомеа» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва олимону омӯзгорон иштирок менамоянд.
Конференсия соати 14:00 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доир карда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






