Дар Душанбе бо ҷалби равоншиносони хориҷӣ барои варзишгарон машварати омӯзишӣ оғоз ёфт

Октябрь 8, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 08.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои баланд бардоштани дониши соҳавии мураббиёну варзишгарон дар самти психологияи варзишӣ таҳти унвони «Нақши психологияи варзишӣ дар ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон: роҳҳои беҳтар кардани натиҷаҳои варзишӣ» машварати омӯзишӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.

Машварати омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ доир гардида, имкон фароҳам меорад, ки варзишгарон донишу таҷрибаашонро дар соҳаи психологияи варзишӣ ғанӣ намуда, усулҳои муосири баланд бардоштани натиҷаҳои варзиширо омӯзанд.

Равоншиносӣ воситаи муассири ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон аст, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои олӣ кумак мекунад. Аз ин рӯ дар музаффарияти варзишгарон дар баробари омодагии ҷисмонӣ омодагии равонӣ низ нақши ҳалкунанда мебозад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маротибаи 5–ум аст, ки аз хориҷи мамлакат мутахассисони сатҳи байналмилалӣ барои  омӯзонидани мураббиёну масъулини соҳа ва такмили донишҳои соҳавӣ даъват мегарданд.

Машварати омӯзишӣ барои мураббиёни варзиш то 10 октябр идома меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 8, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд