Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт

Октябрь 1, 2024 19:58

ДУШАНБЕ, 01.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ (КБСТ) дар мавзуи «Чораҳои эътимодбахшӣ» конфронси байналмилалӣ оғоз шуд, ки то 3 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс аз ҷониби Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ (UNODA) дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардид.

Дар конфронс коршиносон аз Қазоқистон, Маҷористон, инчунин намояндагони вазорату идораҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияташон ба таъмини амнияти биологӣ алоқаманд аст, иштирок доранд. Илова бар ин, намояндагони Маркази байналмилалии илмӣ ва техникӣ (МБИТ) дар бораи имконияти пешниҳоди лоиҳаҳо дар соҳаи амнияти биологӣ маъруза мекунанд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар ҳамоиш дар хусуси чораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи амнияти биологӣ дар мамлакат сухан гуфт.

Ҳамзамон ташаббусҳои асосӣ барои таҳкими инфрасохтори миллӣ дар ин самт, ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ва аҳамияти риояи уҳдадориҳои Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ барои пешгирии таҳдидҳои биологӣ шарҳ дода шуд.

Ҳадафи асосии конфронс – мубодилаи таҷриба ва беҳтарин амалҳои самаранок дар татбиқи чораҳои эътимодбахшӣ, инчунин баррасии иқдоми муштарак барои баланд бардоштани сатҳи амнияти биологӣ дар минтақа мебошад. Иштирокчиён мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳофизати биологиро баррасӣ карда, роҳҳои беҳтар намудани механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои пешгирии таҳдидҳоро муҳокима менамоянд.

Ҳамоиш ҳамчун платформаи беназир ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ мусоидат мекунад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 1, 2024 19:58

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд