Дар Душанбе даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар озмун аз 9 муассиса 100 хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштирок намуданд. Имрӯз озмун идома ёфта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод гаштанд.
Баъди ҷамъбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, иштирок менамоянд.
Ғолибони даври ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






