Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор мегардад

Октябрь 28, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форуми сармоягузории маъдан ва металлургия сармоягузорон, вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

Форумро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шариконе, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкати «Восток Капитал» ташкил менамояд. Чорабиниҳо асосан ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудаанд.

Нахустин Форуми сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия буда, майдони фарох ва муассир барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар соҳаи таҷҳизот ва технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок маҳсуб мешавад.

Дар доираи форум ҳамчунин намоишгоҳ баргузор мешавад, ки дар он ҳама ширкатҳо маҳсулот ва доираи фаъолияташонро муаррифӣ менамоянд.

Дар доираи форум баргузории чор ҷаласа дар соҳаҳои геологӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва металлургӣ дар назар аст. Дар форум коршиносони соҳа масоили марбут ба табодули таҷрибаи касбӣ, дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар форум ва намоишгоҳ беш аз 200 роҳбари ширкатҳои бонуфузи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ технологияю таҷҳизоти пешрафтаи коркард, коркарди маъдан ва навгониҳои маъданро муаррифӣ мекунанд.

Омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ, саноати коркард, коркарди партовҳо ва истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа мебошад. Баргузории форум барои баланд бардоштани иқтидори сармоягузории соҳа ва таъмини ҳамкории муассир байни намояндагони ширкатҳои махсус пешбинӣ шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

 

Октябрь 28, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид