Дар Душанбе рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз баррасӣ гардид

Октябрь 26, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо муовини Роҳбари Хадамоти федералии андози Русия Юлия Шепелева мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андоз хабар доданд.

Дар вохӯрӣ доир ба маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Созишнома байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Русия расонидани кумаки беподоши техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз табодули  афкор карда шуд.

Созишнома соли 2023 ба имзо расонида шуда, давраи татбиқи амалии он то соли 2025 мебошад.

Дар робита ба ин Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии андози Русия, Ҷамъияти саҳомии «Маркази асосии татбиқи инноватсияҳои илмӣ» (АО«ГНИВЦ»), Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти иловагии касбии «Донишкадаи таҳсилоти касбӣ»-и Русия, Донишкадаи молиявии илмию таҳқиқотии Вазорати молияи Федератсияи Русия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пленум»- и Федератсияи Русия корҳои назаррасро амалӣ намуд. Аз ҷумла, Консепсияи такмили андозбандии амволи манқул ва ғайриманқул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи ташкили кор бо андозсупорандагон ва Консепсияи услуби корпоративии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ороиши дохилию берунии Нозироти намунавӣ таҳия гардид.

Ҳамзамон дар доираи кумаки техникии Федератсияи Русия бизнес-равандҳои маъмурикунонии андози Кумитаи андоз низ такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, системаи автоматикунонидаи назорати андоз аз арзиши иловашуда ва замимаи мобилии ҳуҷраи шахсӣ барои шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ изҳори итминон карда шуд, ки корҳои дар доираи созишнома иҷрогардида ба сиёсати андоз ва беҳтар гардидани маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон, самаранок татбиқ намудани назорати андоз, пешниҳод намудани хизматрасонии босифат ба андозсупорандагон ва васеъ намудани манбаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд