Дар Екатеринбург масъалаи сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид

Октябрь 7, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябри соли равон дар ҳошияи ҳафтаи байналмилалии сохтмон дар шаҳри Екатеринбург, мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзулин баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.

Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе барои 500 ҷойи нишаст ва бо имконияти истиқоматии то 300 хонанда дар тамоми сол пешбинӣ гардидааст.

Дар вохӯрӣ Ирек Файзулин изҳор дошт, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сохтмон тақвият меёбад, ки барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ мегардад. «Яке аз бахшҳои ҳамкории мо, табодули таҷриба, баланд бардоштани касбияти мутахассисон ва таълим додани донишҷӯён дар донишгоҳҳои олӣ мебошад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба бинокорон имконият дода шавад, ки малака ва маҳорати худро дар амал нишон диҳанд»,-афзуд ӯ.

Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия дастаи Тоҷикистонро даъват намуд, ки соли оянда на танҳо дар қисми конгресс, балки дар қисми рақобатии чемпионати байналмилалии сохтмон низ иштирок кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо кӯшиши якҷояи маҷмааҳои сохтмонии давлатҳо як қатор лоиҳаҳо, ба монанди сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории соҳавӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар бахши сохтмон, ки соли гузашта дар доираи чемпионати байналмилалии сохтмон имзо шуда буд, амалӣ карда мешавад.

Ёддошти тафоҳум масъалаҳои табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, нархгузорӣ ва ба меъёрдарории харҷномавӣ дар сохтмони иншооти асосӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи назорати давлатӣ ва экспертизаи давлатиро дар бар мегирад.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 7, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад