Дар Истаравшан ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар шаҳри Истаравшан ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд — шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Истиқлол, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ашт баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа дар мавзуи «Конститутсия-кафолати рушди босуботи Тоҷикистон» ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар маърузаҳо нақш ва саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз ва натиҷаҳои дар 30 соли охир дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фароҳамомада баррасӣ шуданд.
Иброз гардид, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии мамлакат на танҳо меъёрҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа, балки заминаи ҳуқуқии рушди устувор, сулҳ ва суботро таъмин мекунад.
Зимни муҳокима намояндагони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ фикру мулоҳизаҳояшонро манзур намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






