Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом оид ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.
Иброз гардид, ки хизмат ба Ватан рисолати бузург буда, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ вазифаи муқаддаси ҳар инсон, алалхусус ҷавонони ба ору номус мебошад. Нишонаи ҷавонмардии ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос монда, муқаддас будани Ватанро аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси мо ва кафили таҳкими истиқлоли давлат мебошад. Мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама якдилона талош кунем.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро софдилона иҷро намуда истодаанд, арзи сипос карда шуда, чун арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ба волидайни сарбозон Раҳматнома супорида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ҳамоиш- бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ба ин васила метавонем ҷавононро ба меҳанпарастию хештаншиносӣ ҳидоят намоем.
АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






