Дар Малайзия шоҳасари Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда бахшида ба Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун ва забони тоҷикӣ сухан гуфт. Иброз дошта шуд, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд.
Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои «Шоҳнома» шинос гардиданд.
Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ то 17 октябри соли 2024 идома ёфта, мардуми маҳаллӣ имкон пайдо менамоянд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






