Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин муассиса.
Таъкид шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид. Таъсиси квотаи президентӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав, баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа ва додани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон аз ҷумлаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат мебошанд, ки барои рушди соҳа аҳамият доранд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки равандҳои ҷаҳони муосир ва масъулият барои имрӯзу фардои миллат дар назди омӯзгорони шарафманду садоқатоини мо вазифаҳои боз ҳам масъулиятбору ҷиддитар мегузоранд. Омӯзгоронро мебояд, ки ҳамеша ҳамқадами замон бошанд, сатҳи сифати таълиму тарбияро пайваста баланд бардоранд, усулҳои фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таҳсил дар мамлакат ҳамвора кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар идома ба як зумра кормандони собиқадору фаъоли таҳсилоти иловагии пойтахт аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе сипосномаҳо супорида шуданд.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






