Дар нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия дар Душанбе беш аз 200 ширкат иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 октябри соли 2024 дар Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». Барои инъикоси васеи ин чорабинӣ 8 октябр дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ брифинг баргузор гардид, ки дар он кумитаи тадорукот ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҳадаф ва вазифаҳои баргузории форум маълумот дод.
Ба иттилои сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Ёрибек, дар Форуми сармоягузории маъдан ва металлургия сармоягузорон, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
«Форумро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шариконе, ки дар соҳаи саноати кӯҳӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ширкати «Восток Капитал» ташкил менамояд. Чорабиниҳо асосан ба ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ ва рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат нигаронида шудаанд.
Нахустин Форуми сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия мебошад. Чунин чорабиниҳо майдони фарох ва муассир барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар соҳаи таҷҳизот ва технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок маҳсуб мешаванд, афзуд намояндаи масъули Вазорати саноати мамлакат.
Ҳоло 15 вазири саноати давлатҳои хориҷӣ, беш аз 50 ширкати фаромиллӣ дар бахши истихроҷи маъдан ва металлургия ва сармоягузорӣ иштироки худро дар ин ҳамоиш тасдиқ кардаанд. Дар доираи форум ҳамчунин намоишгоҳ баргузор мешавад, ки дар он ҳама ширкатҳо маҳсулот ва доираи фаъолияташонро муаррифӣ менамоянд.
«Бо назардошти он, ки дар назди мо дар бобати тезонидани суръати саноатикунонии мамлакат ва ду баробар зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли саноат вазифаҳои муҳим истодаанд, ин форум нақши муассир мебозад»,-таъкид намуд намояндаи Вазорати саноати мамлакат. Дар доираи форум баргузории чор ҷаласа дар соҳаҳои геологӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва металлургӣ дар назар аст.
Дар форум коршиносони соҳа масоили марбут ба табодули таҷрибаи касбӣ, дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва дигар масъалаҳоро баррасӣ мекунанд.
Дар форум ва намоишгоҳ беш аз 200 роҳбари ширкатҳои бонуфузи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ технологияю таҷҳизоти пешрафтаи коркард ва коркарди маъдан ва навгониҳои маъданро муаррифӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ, саноати коркард, коркарди партовҳо ва истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа мебошад. Дар ин замина баргузории форум барои баланд бардоштани иқтидори сармоягузории соҳа ва таъмини ҳамкории муассир байни намояндагони ширкатҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид






