Дар Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld-2024» маҳсулоти 70 ширкату корхонаи cаноатӣ ба намоиш гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 70 ширкату корхонаҳои cаноатию истеҳсолӣ аз 7 давлати ҷаҳон- Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Чин ва Эрон молу маҳсулоташонро дар Намоишгоҳи сеюми байналмилалии сохтмонии «TajBuld-2024», ки имрӯз дар Dushanbe EXPO Centre –и пойтахт оғоз гардид, ба намоиш гузоштаанд, итттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки Намоишгоҳи сеюми байналмилалии сохтмонии «TajBuld-2024» барои муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи сохтмони мамлакат ва давлатҳои минтақа майдони фарох арзёбӣ мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld-2024» ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бахшида шуда, аз 10 то 13 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld-2024» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сохтмону саноат, санъати меъморӣ, рушди тавлидоти маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳои саноатию истеҳсолии давлатҳои ҷаҳон мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld -2024» аз шаш қисмат- маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот,
техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад. Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Интизор меравад, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld -2024» мулоқоти роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва корхонаҳои саноатие, ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти соҳаи сохтмон нигаронида шудааст, баргузор гардад.
Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuld -2024» дар татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе саҳми муносиб мегузорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






