Дар назди 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд

Октябрь 22, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 22.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар назди 87 хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 24 ҳазор тонна маҳсулот амал менамояд, ки дар онҳо 500 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки барои нигоҳ доштани сифати меваю сабзавот, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, инчунин бештар захира ва ба хориҷи мамлакат содирот намудани он, сохтмони сардхонаҳои муосирро афзоиш диҳанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Турсунзода сол то сол майдони токзор афзуда, нигоҳдории маҳсулот барои таъмини бозорҳои ватанию хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Сардхонаҳои замонавӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳри Турсунзода доир ба зиёд намудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангур медоданд, сохта шудаанд. Айни замон бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хушсифати ватанӣ дар фасли зимистон дар сардхонаҳои шаҳри Турсунзода ангур, лимӯ ва хурмо нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда ба масъулини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста дастуру супориш медиҳанд, ки шумораи сардхонаҳои муосирро зиёд намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 17 октябри соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот аз тарафи соҳибкор – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» Урунбой Нурматов дар масоҳати 0,20 гектар бунёд гардида, дорои таҷҳизоти муосири худидоракунӣ мебошад. Сардхонаи мазкур барои нигоҳдории 2000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шуда, ҳоло дар он 10 нафар сокини деҳаи Ғайрат ба кор таъмин гардидаанд.

Ҳоло дар сардхонаи тозабунёд ба миқдори зарурӣ ангури аълосифати хоҷагии деҳқонии «Ғайрат 2020» ҷой карда шудааст, ки ҳамарӯза аз ин ҷо харидорӣ мешавад.

Хоҷагии мазкур 22 гектар замин дар ихтиёр дорад, ки қисми зиёди онро боғу токзор ташкил медиҳад. Ҳамасола саҳмдорони хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 6 навъи ангур ҳосили беш аз 600 тонна маҳсулот ба даст меоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид