Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ гардид

Октябрь 18, 2024 14:17

ДУШАНБЕ, 18.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ бо 6595 ҷойи нишаст ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст, инчунин 5 толори варзишӣ, 6 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд, ки тавассути ин шароити таълиму тарбия беҳтар гардид.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, он ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 578 237 нафар фаъолият доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 18, 2024 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид