Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 03.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза масъалаи бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кардани аҳолӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст. Вале вазъ дар ин самт, бо дарназардошти имкониятҳои истифоданашудаи ноҳия, ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Чунин изҳори нигаронӣ намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод 11 сентябри соли 2024.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли равон дар ноҳияи Нуробод майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 190 гектар, аз ҷумла майдони кишти гандум 150 гектар кам гардидааст. Илова бар ин, имсол дар ноҳия бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Нуробод соҳаи калидӣ дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 315 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2022 ҳамагӣ 3 фоиз зиёд шудааст. Дар баробари ин, соли 2023 истеҳсоли картошка нисбат ба соли қаблӣ 19 фоиз, тухм 29 фоиз ва пилла 35 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ноҳия ба маблағи 94 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат дар мулоқоти мазкур хотирнишон намуданд, ки роҳи асосии афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва дигар иқтидору имкониятҳои мавҷудаи соҳа мебошад.
«Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки роҳбарону масъулин ба масъалаи истифодаи самараноки имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва афзоиш додани истеҳсоли картошка эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»,-супориш доданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, низоъҳои тиҷоративу сиёсӣ моро водор месозад, ки ба хотири таъмин намудани бозори истеъмолии кишварамон бо маҳсулоти худӣ боз ҳам бештар заҳмат кашем.
«Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода бо маводи ғизоӣ таъмин бошанд.Яъне кишоварзон ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд ба хотири ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъю талош намоянд. Дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз ду соли оянда бошад»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз








РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






