Дар Ню-Йорк масъалаи татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон оид ба нақши зеҳни сунъӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба фанноварӣ Амандип Сингҳ Гилл мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имконияти нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор карданд.
Инчунин мусоҳибон бобати пешбурди саривақтии ин раванд баргузории чорабиниҳои марбутаро дар атрофи ин мавзуъ, алалхусус пешбарии лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






