Дар Пекин байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин машваратҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 октябр дар шаҳри Пекин байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин машваратҳо баргузор гардиданд, ки онҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва ёвари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин роҳбарӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни машваратҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ (Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) мавриди баррасии муфассал қарор дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, иҷрои тавофуқоти феълиро, ки дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, матраҳ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






