Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия силсилавохӯриҳои муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ин шаҳр, Консулгарии генералӣ, диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯриҳо вобаста ба густариш ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилоти террористию экстремистӣ, тақлиди фарҳанги бегона, инчунин риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ сухан гуфта шуд.
Иштирокчиёни вохӯриҳо даъват шуданд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, инчунин таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






