Дар шаҳри Хоруғ корхонаи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 24.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ корхонаи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бунёд мегардад. Корхонаи мазкур асосан аз гӯшти қутос маҳсулот истеҳсол менамояд. Технологияи корхона аз давлатҳои Олмон ва Австрия ворид карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони корхона моҳи марти соли 2024 оғоз шуда, масоҳати умумии он 2 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани ин корхона 50 нафар бо кор таъмин мешаванд. Корхона ашёи хомро барои истеҳсоли маҳсулот, ки асосан гӯшти қутос аст, аз ноҳияи Мурғоб ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят харидорӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, гӯшту шири қутос аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисобида мешаванд. Сол аз сол талабот ба ин маҳсулот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон бештар мегардад.
Роҳбарияти корхонаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки пас аз оғози фаъолият, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот, онро ба хориҷи мамлакат низ содирот намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди қутоспарварӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри зиёд кардани саршумори ин намуди чорво барномаи махсуси давлатӣ қабул намудааст. Иқлими ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб назар ба дигар ноҳияҳои кӯҳӣ барои рушди қутоспарварӣ хеле мутобиқ аст. Танҳо дар канори яке аз зеботарин кӯлҳои ин ноҳия- Зоркӯл зиёда аз 9 чарогоҳи зимистона мавҷуд буда, дар ҳар яки ин чарогоҳҳо то 100 сар қутос парвариш меёбад.
Тавре коршиносон иброз доштанд, барои афзоиши саршумори ин намуди чорво ба ҷуз ноҳияи Мурғоб, дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳияҳои Роштқалъаву Дарвоз низ имконияти мусоид мавҷуд аст. Бахусус иқлим ва чарогоҳҳои баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои парвариши қутос хеле мувофиқ мебошад. Айни замон дар назди хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба ташкили фермаҳои қутоспарварӣ шуруъ намудаанд, ки он самараи хуб ба бор меорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
Акс: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






