Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар». Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон 37 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва 900 ҷойи кор бо ҷалби 53 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 миллиарду 282,0 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 112,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор 300,8 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд низ шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҷониби 110 корхонаи хурду калон ба маблағи 634,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 47,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, тақвият ёфтани соҳа ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда саҳми босазо мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






