Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд

Октябрь 14, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар». Дар шаҳри Хуҷанд 297 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон 37 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва 900 ҷойи кор бо ҷалби 53 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 миллиарду 282,0 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  112,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор 300,8 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд низ шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҷониби 110 корхонаи хурду калон ба маблағи 634,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   47,6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, тақвият ёфтани соҳа ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда саҳми босазо мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

 

Октябрь 14, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст