Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон гузошта шуданд

Октябрь 7, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода пайкараҳои ҳайвонот ва парандаҳои нодири Тоҷикистон дар иҳотаи манзараҳои табиат сохта, насб карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад.

Пайкараҳои ҳайвонот ва парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон, аз қабили гӯсфанди Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ ва бузи пармашох (морхӯр), кабк, лак-лак ва асп

бо истифода аз сангу моддаҳои махсус аз ҷониби мутахассисон бо тарҳи замонавӣ сохта, насб гардидаанд.

Онҳо агар аз як тараф муаррифи олами бойи ҳайвонот ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистон бошанд, аз сӯи дигар, ба ободу зебо гардидани мавзеъҳои ду канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Турсунзода, ки аз ин масир ҳамарӯза шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ убур мекунанд, мусоидат менамоянд.

Пайкараҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар мавзеъҳои муайяншудаи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Турсунзода тибқи дастури роҳбарияти ноҳия бо мусоидати мутахассисон гузошта шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Октябрь 7, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст