Дар Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 20 миллиард сомонӣ расонида шуд

Октябрь 26, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 113,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин давра ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои бе спирт истеҳсол гардидаанд. Ҳамзамон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли орд 130 фоиз, равғани растанӣ 116,5 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 181,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 121,3 фоиз, консерваҳо 104,6 фоиз ва нӯшокиҳои бе спирт 130,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ба миқдори 1551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиш 140 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ сабти ном гардидааст.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 26, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид