Дар Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 13,7 ҳазор субъект зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз инҳо 50,4 ҳазор соҳибкор тибқи патент, 36,7 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 60,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият намуда, 179,6 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунанд.
Аз ин шумора 327 ҳазору 106 нафарро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12 ҳазору 598 адад зиёд аст.
Ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри имсол аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 ҳазору 883 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1183 нафар зиёд мебошад.
Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Ҳамчунин барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ба сармоягузорӣ ҷалб намудани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.
Тибқи таҳлилҳои иқтисодчиён, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






