Дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 275,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Имсол занбӯрпарварон 4260 тонна асал истеҳсол намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 340 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокӣ харидорӣ гардида, ба 39 нафар занбӯриасалпарварони инфиродии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда дода шуд.
Коршиносони соҳа собит намудаанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурўш баровардани маҳсулоти занбӯри асал, аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шираи модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра дар дохил ва хориҷи мамлакат боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.
Аз ин рӯ занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон, 93 фоизи ҷумҳуриро кӯҳистон ишғол менамояд. Ин, пеш аз ҳама, барои ташкил ва парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам меоварад.
Тибқи таҳлили коршиносон, захираҳои зиёди растаниҳои асалдиҳандаи ҷумҳурӣ, ки дар масоҳати зиёда аз 5 миллион гектар доман густурдаанд, имкон медиҳанд, ки ин ҷо зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда шавад. Инчунин соле аз 10 то 12 ҳазор тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тоза ва миқдори зиёди маҳсулоти дигари занбӯри асал истеҳсол гардад. Ин ҳама барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар мамлакат, таъмини шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан сокинони ноҳияҳои кӯҳистон имконияти васеъ муҳайё менамояд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯрпарварӣ, ба парвариши занбӯри асал шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин корхонаю ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагии ҷангал машғул мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016» қабул ва амалӣ гардид. Тибқи ин барнома, Корхонаи воҳиди занбурпарварӣ ва филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки барои барқароркунӣ ва рушди соҳа коргоҳҳои тайёр кардани қуттии занбӯри асал, чорчӯба, курпача ва дигар асбобу анҷомҳо таъсис шаванд.
Ба маълумоти занбӯрпарварон, барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дастгирӣ намудани хоҷагиҳои асалпарвар ва ба онҳо додани қарзҳои камфоиз ва дарозмуддат мувофиқи матлаб мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
Имрӯз дар «Боғи Ирам» ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон боғи зардолу чанд гектарро ташкил медиҳад?
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн гирифтанд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Дар Бизнес-форуми Бонки Авруосиёии рушд афзалиятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-и «Чин — Авруосиё» гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






