Дар Тоҷикистон беш аз 610 гектар замин шудгор карда мешавад

Октябрь 27, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маъмулоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон дар мамлакат шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ идома дорад. Имсол тибқи нақша дар 610 ҳазору 693 гектар шудгор гузаронида мешавад, ки то 18 октябр  53 ҳазору 764 гектар шудгор карда шудааст.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, боронҳои пай дар пайи рӯзҳои охир заминҳоро бо намӣ таъмин ва  барои гузаронидани шудгор хеле мусоид намуд. Ин боронҳо барои соҳаи боғу токпарварӣ низ фоидаовар мебошанд, зеро бо боридани борон ҳар гуна ҳашароти зараровари навдаву  пояи дарахтон тоза мегардад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар ҳолати дермонӣ ва мусоид омадани обу ҳаво моҳи декабр низ заминро шудгор кардан мумкин аст. Хоҷагидорон ва мутахассисон бояд ин муҳлатҳоро риоя намоянд.

«Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне  хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок карда шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳо кам ва ё пурра нест мешаванд»,- гуфт Ҳикматулло Назиров.

Чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурӣ таъмин гардад, аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнидан мумкин аст.  Инчунин заминҳоро бо поруи маҳаллӣ таъмин намудан низ фоидаовар мебошад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, сари вақт ва хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Шудгор дар ҳавои сард тухми ҳама намуди алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро, ки ба афзоиши зироати кишоварзӣ халал ворид менамояд, пурра нест месозад.

Ба иттилои мутахассисон, пас аз шудгор агар замин ях бандад, ҳама гуна ҳашарот нобуд мегардад.

«Агар мо моҳи декабр шудгорро ба анҷом расонем, замин пурқувват ва аз нури Офтоб баҳраманд гардида, хусусияти биологияш зиёд мешавад. Ин омил ба баланд шудани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд», — гуфт Ҳикматулло Назиров.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард