Дар Тоҷикистон бонки нав –«Фридом Бонк Тоҷикистон» ба фаъолият шуруъ намуд

Октябрь 17, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон боз як бонки нав — «Фридом Бонк Тоҷикистон» ба фаъолият шуруъ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фридом Бонк Тоҷикистон» барои фаъолияти бонкӣ бобати анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Зимни супоридани иҷозатнома Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фридом Бонк Тоҷикистон» Даурен Нисинбаев суҳбат намуд. Ҳамзамон барои васеъ намудани шабакаи фаъолияти бонк, ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарзҳо, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёд намудани хизматрасонии бонкӣ, хусусан хизматрасонии рақамӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фридом Бонк Тоҷикистон» Даурен Нисинбаев изҳор намуд, ки бонк барои пайдо намудани мавқеи муносиб дар бозори хизматрасонии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият ва дастуру тавсияҳо истифода мебарад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд