Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ин ба ин ниҳод.
Иброз гардид, ки қисми бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин неруи бузург дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми босазо дорад.
Ҳамзамон вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҷавонон дар раванди ин пешравиҳо ибрози ақида карда шуд.
Дар асоси дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди ҷавонон пайваста иқдоми муфид амалӣ мешаванд. Ҷавонон низ барои пойдории сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ бояд саҳм гузоранд.
Махсусан саҳми ҷавонон дар нигоҳдории марзу буми мамлакат, пойдор гардидани Истиқлоли давлатӣ, инчунин пешрафти илму маориф ва техникаю технологияи ҳозиразамон намоён ба назар мерасад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки қисми асосии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони вазорат барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш бо Сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






